Соли равон аз макони хавфнок ба ҷойи дигар кӯчонидани 222 хонавода дар саросари Тоҷикистон, аз ҷумла 88 хонавода аз вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон кормандони Кумита дар вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар қаламрави ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Вахш, Шамсиддини Шоҳин ва Кӯшониён дар қитъаҳои хатарноки дарёву сой ва наҳрҳо корҳои соҳилмустаҳамкунӣ мегузаронанд.
Ҳамчунин кормандони Кумита байни аҳолӣ оид ба омодагӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Тибқи маълумоти КҲФ, соли 2021 бар асари ҳолатҳои фавқулода ҳамагӣ 1274 хона, аз ҷумла 257-то пурра ва 36 манзил қисман осеб диданд.
342/